Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ба иҷора супоридани амволӣ давлатӣ»


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои
ҚАРОР
ТАРТИБИ БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ

(аз 02 ноябри соли 2011 № 537 ш. Душанбе)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ (минбаъд-Тартиб) мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
2) Меъёрҳои Тартиб нисбати амволи ба иҷорадодашавандаи вазорату идораҳо, корҳонаю ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои ҳоҷагидорӣ, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 100 фоизро ташкил медиҳад татбиқ мегардад.
3) Тартиб масъалаҳои муносибатҳои иҷоравӣ, шартҳои ба иҷора додан ва ба расмият даровардани шартномаи иҷораи амволи давлатиро байни иҷорадиҳанда ва иҷорагир муайян менамояд.
4) Мақсадҳои асосии Тартиб:
а) таъмини ҳамоҳангсозии раванди ба иҷора супоридани амволи давлатӣ;
б) истифодабарии самараноки воситаҳои асосии давлатӣ ва зиёд намудани воридоти даромад аз иҷораи амвол ба буҷети давлатӣ;
в) тақвияти назорати истифодабарии амволи давлатӣ;
г) таъмини баҳисобгирии истифодаи амволи давлатӣ;
д) фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя;
ё) баланд бардоштани самаранокӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот.
5) Тартиб системаи муносибатҳоро, ки ҳангоми амалӣ намудани он иҷорадиҳанда ўҳдадор аст ба иҷорагир амволи давлатиро бо дарназардошти нарасонидани зарар ба фаъолияти дорандаи баланс пулакӣ ба истифодаи муваққатӣ диҳад, дар бар мегирад.
6) Иҷорадиҳанда - нисбати объектҳои моликияти ҷумҳҳуриявӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати объектҳои моликияти коммуналӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
7) Иҷорагир - ин шаҳси воқеи ё ҳуқуқие мебошад, ки амволи давлатиро пулакӣ ба истифодаи муваққатӣ мегирад.
8) Дорандаи баланс - корҳонаю муассисаҳо ва ташкитотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар баланси ҳуд воситаҳои асосӣ доранд ва ин воситаҳо ё қисме аз онҳо барои супоридан ба иҷора пешниҳод гардидаанд.
9) Объектҳои иҷора – корҳонаҳо, бино, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиет, меҳанизмҳо, масоҳатҳои истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ё қисми онҳо ва дигар васоите, ки давлатӣ мебошанд ва дар ҷараени истифода ҳусусияти аввалаи ҳудро гум намекунанд, ба шумор мераванд.


2. ТАРТИБИ БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ
10) Ба иҷора супоридани амволи давлатӣ аз тарафи иҷорадиҳанда дар асоси пешниҳоди дорандаи баланс анҷом дода мешавад.
11) Ба иҷора супоридани амволи давлатӣ бо роҳи гузаронидани озмун амалӣ карда мешавад.
12) Ҷиҳати қабули қарор оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ аз тарафи дорандаи баланс ба иҷорадиҳанда маълумотнома дар бораи арзиши балансӣ ва ҳолати воқеии объекти иҷора пешниҳод карда мешаванд.
13) Барои дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда роҳбарияти дорандаи баланс мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
14) Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои барзиёд истифодабарии масоҳатҳои биноҳои маъмурӣ, инчунин истифода накардан ва ё самарабаҳш истифода набурдани дигар амволи давлатӣ иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад бо ташабуси ҳуд онро ба иҷора диҳад.
15) Иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад, ки объектҳои ҳаробгаштаи давлатиро бо мақсади таъмиру барқароркунӣ ва истифодаи минбаъдаи он ба иҷора дода, ба мўҳлати то 3 сол аз иҷорапулӣ озод намояд.
3. ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ИҶОРАДИҲАНДА ВА ИҶОРАГИР
16) Шартҳои ба иҷора додани амволи давлатӣ, ҳуқуқ ва ўҳдадории тарафҳо, инчунин дигар шартҳо, ки ба қонунгузорӣ муҳолифат намекунанд, дар шартномаи иҷораи амволи давлатӣ (минбаъд- шартномаи иҷора) муқаррар карда мешаванд.
17) Иҷорагир аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани шартномаи иҷора амволи давлатиро ба иҷора мегирад.
18) Иҷорагир барои ўҳдадориҳои ҳуд, ки аз шартномаи иҷора бармеоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти моддӣ ва молиявӣ дорад.
19) Иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад иҷро шудани шартҳои шартномаи иҷораро аз ҷониби иҷорагир санҷад ва иҷорагир ўҳдадор аст, ки бо талаби иҷорадиҳанда маълумоти заруриро пешниҳод намояд.
20) Самара, маҳсулот ва даромаде, ки иҷорагир дар натиҷаи истифодаи объекти иҷора ба даст меорад, моликияти ҳусусии ў ба ҳисоб меравад, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.
21) Иҷорагир ўҳдадор аст, ки маблағи иҷорапулиро саривақт пардоҳт намояд. Мўҳлатҳои пардоҳти иҷорапулӣ тибқи шартномаи иҷора муқаррар карда мешаванд.
22) Иҷорагир ўҳдадор аст, ки истифодаи объекти иҷораро мутобиқи шартҳои шартномаи иҷора таъмин намояд.
23) Дар ҳолати аз ҷониби иҷорагир мутобиқи шартҳои шартномаи иҷора истифода набурдани объекти иҷора, иҷорадиҳанда ҳуқуқ дорад шартномаи иҷораро бекор кунад ва ҷуброни зарари расонидашударо талаб намояд.
24) Ба шаҳси дигар гузаштани ҳуқуқи моликияти объекти иҷора барои тағйир ёфтани шартҳо ё бекор кардани шартномаи иҷора асос шуда наметавонад.
25) Пеш аз мўҳлат қатъ намудани шартномаи иҷора аз ҷониби иҷорадиҳанда ё иҷорагир бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
26) Баргардонидани амволи давлатӣ аз ҷониби иҷорагир ба иҷорадиҳанда мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

4. МАСЪУЛИЯТИ ТАРАФҲО
27) Ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои шартномаи иҷора тарафҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
28) Тарафи гунаҳкор ўҳдадор аст ба тарафи дигар зарари моддӣ ва зиёни молиявии вобаста ба иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳои ҳуд расонидаро тибқи шартномаи иҷора ҷуброн намояд.
29) Ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани шаҳсони гунаҳкор онҳоро аз ўҳдадории ҷуброни зарари моддӣ ва молиявии расонидашуда озод наменамояд.

5. ТАРТИБИ ҲАЛЛИ БАҲСҲО
30) Баҳсҳое, ки дар давоми мўҳлати шартномаи иҷора ба миён меоянд, бояд бо роҳи гуфтушуниди тарафҳо ҳал карда шаванд.
31) Агар тарафҳо ба мувофиқа нарасанд, баҳсҳо бо тартиби судӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

6. ШАРТНОМАИ ИҶОРА
32) Ҳуҷҷати асосии танзимкунандаи муносибати иҷорадиҳанда ва иҷорагир шартномаи иҷора мебошад.
33) Мўҳлати иҷора байни иҷорадиҳанда ва иҷорагир муайян карда мешавад.
34) Шартномаи иҷора бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
а) номгў ва арзиши амволи давлатии ба иҷора додашаванда;
б) мўҳлати иҷора;
в) шарт, мўҳлат, андоза ва маблағи умумии иҷорапулӣ;
г) шартҳои тамдид намудани мўҳлати иҷора ва аз нав дида баромадани андозаи иҷорапулӣ;
д) ҳолати амволи давлатӣ, ки иҷорадеҳ онро ба иҷорагир месупорад;
ё) шартҳои истифодабарии амволи давлатӣ аз тарафи иҷорагир, инчунин пардоҳти ҳизматрасонии коммуналӣ ва дигар ҳизматрасониҳо вобаста аз истифодабарии объекти иҷора;
ё) тартиби баргардонидани объекти иҷора баъди бекор шудани шартномаи иҷора;
ж) ўҳдадориҳо оид ба барқароркунӣ ва таъмири объекти иҷора;
з) шартҳои бекор намудани шартномаи иҷора, аз ҷумла дар натиҷаи вайрон гардидани мўҳлатҳои пардоҳти иҷорапулӣ;
и) дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафҳо, аз ҷумла шартҳое, ки ба қонунгузорӣ муҳолифат намекунанд.
35) Ҳангоми ба иҷора супоридани амволи давлатӣ иҷорагир метавонад мустақилона тибқи қонунгузорӣ суғуртаи шаҳсӣ. инчунин суғуртаи амволро амалӣ намояд.
36) Бекор кардани амали шартномаи иҷора тибқи тартибе, ки дар қонунгузорӣ ва шартномаи иҷора муқаррар шудааст, амалӣ мегардад.

7. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАИ ИҶОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИ
37) Шартномаи иҷора дар муддати на дертар аз 10 рeзи бонкӣ баъди ба имзо расидани Протоколи натиҷаҳои озмун байни иҷорадиҳанда ва ғолиби озмун баста мешавад.
38) Дар ҳолати бастани шартномаи иҷора тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки замимаҳои заруриро ба шартномаи иҷора илова намоянд ва онҳо қисми ҷудонашавандаи шартномаи иҷора мебошанд.
39) Маблағи иҷорапулӣ ҳар моҳ ва ё ҳар як семоҳа дар шакли маблағи устувор пардоҳт карда мешавад.
40) Маблағи иҷорапулии амволи давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва мансуб ба моликияти коммуналӣ ба буҷети маҳаллӣ пардоҳт карда мешавад.

8 ТАРТИБИ ҚАБУЛУ СУПОРИДАНИ ОБЪЕКТИ ИҶОРА
41) Объекти иҷора баъди ба имзо расидани шартномаи иҷора, тибқи санади қабулу супоридан, ки бо иҷорадиҳанда мувофиқа карда шудааст аз тарафи дорандаи баланс ба иҷорагир супорида мешавад.
42) Омода намудани объекти иҷора барои супоридан ба иҷора, аз ҷумла тартиб додан ва барои имзо пешниҳод намудани санади қабулу супоридан вазифаи дорандаи баланс буда, аз ҳисоби ў анҷом дода мешавад, агар дар шартномаи иҷора тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
43) Санади қабулу супоридани объекти иҷора бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
а) номи объекти иҷора, маҳал ва санаи омода гардидани санад;
б) рақам ва санаи имзои шартномаи иҷора, ки мутобиқи он қабулу супоридани объекти иҷора анҷом дода мешавад;
в) ҳолати воқеии объекти иҷора;
44) Санад аз ҷониби дорандаи баланс ва иҷорагир имзо ва бо мўҳрҳои онҳо тасдиқ гардида, барои мувофиқа ба иҷорадиҳанда пешниҳод карда мешавад.
45) Дар сурати агар ғолиби озмун аз имзо намудани протоколи натиҷаҳои озмун, шартномаи иҷора ё ин ки санади қабулу супоридани объекти иҷора даст кашад, шартномаи иҷора бо иштирокчии озмун, ки пешниҳоди ў ҷойи дуюмро ишғол намудааст, баста мешавад.
46) Ҳангоми катъ гардидани шартнома, иҷорагир вазифадор аст, ба дорандаи баланс объекти иҷораро бо дарназардошти қисмҳои беҳшудаи тақсимнашаванда, фарсудашавӣ ё ҳолати дар шартномаи иҷора пешбинишуда, баргардонад.

9. МУАЙЯН НАМУДАНИ НАРҲИ ИБТИДОИИ ОБЪЕКТИ ИҶОРА
47) Нарҳи ибтидоии объекти иҷора, ки ба озмун бароварда мешавад, аз ҷониби иҷорадиҳанда муайян мегардад.
48) Нарҳгузории амволи давлатии ба иҷора супоридашаванда тибқи тартиби муқарраргардидаи Дастурамал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки ҳусусӣ гардонида мешаванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 1997, №181 тасдиқ шудааст, сурат мегирад.
49) Нарҳи ибтидоии солонаи объекти иҷора мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шуда, ҳангоми муқаррар намудани он иҷорадиҳанда ҳуқуқи истифодаи коэффисиенти бозоргониро дорад.
50) Ҳангоми зарурати муайян намудани нарҳи ибтидоии моҳона, семоҳа ё нимсолаи объекти иҷора ҳисоби нарҳи ибтидоии солонаи объекти иҷора мутаносибан ба 12, 4, 2 тақсим карда мешавад.

10. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН БАРОИ
БА ИҶОРА СУПОРИДАНИ АМВОЛИ ДАВЛАТӢ
51) Иҷорадиҳанда барои ташкили озмун иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:
а) комиссияи озмуниро аз ҳисоби мутаҳассисони ҳуд ва намояндаи дорандаи баланси объекти иҷора дар ҳайати на камтар аз 5 нафар таъсис медиҳад;
б) раиси комиссияи озмунӣ дар мавриди ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ дар сатҳи сардори раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ дар сатҳи муовини раиси вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъин карда мешавад;
в) ҳабари иттилоотиро оид ба гузаронидани озмун дар яке аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ ва сомонаи расмии ҳуд на дертар аз 15 рўзи бонкӣ то санаи гузаронидани озмун ҷойгир менамояд.
52) Ҳабари иттилоотӣ бояд маълумоти зайлро дар бар гирад:
а) ном, суроға ва телефони иҷорадиҳанда;
б) сана, ҷой ва вақти гузаронидани озмун;
в) мўҳлати оҳирини қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун;
г) номгўи пурра ва макони ҷойгиршавии объекти иҷора;
д) шартҳои гузаронидани озмун;
ё) нарҳи ибтидоии объекти иҷора;
ё) номгўи ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар озмун зарур мебошанд;
ж) маблағи пардоҳти кафолатӣ барои иштирок дар озмун;
з) маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди иҷорадиҳанда.
53) Пардоҳти кафолатӣ барои иштирок дар озмун дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.
54) Пардоҳти кафолатии ғолиби озмун ҳамчун пардоҳтҳои мутобиқи шартномаи иҷора анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.
55) Пардоҳти кафолатӣ дар ҳолатҳои зерин баргардонида намешавад:
а) даст кашидани ғолиби озмун аз имзои протоколи натиҷаҳои озмун ё аз бастани шартномаи иҷора;
б) иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ўҳдадориҳои шартномаи иҷора.
56) Пардоҳти кафолатӣ ба иштироккунандае, ки ғолиби озмун дониста нашудааст дар муддати 10 рўзи бонкӣ аз рўзи гузаронидани озмун баргардонида мешавад.
57) Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
а) барои шаҳсони воқеӣ - нусҳаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шаҳсият;
б) барои шаҳсони ҳуқуқӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шаҳси ҳукуқӣ;
в) лифофаи сарбаста, ки дар доҳили он номи пурраи объекти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нарҳи объекти иҷора гузошта шудааст;
г) нусҳаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардоҳти маблағи кафолатпулӣ.
58) Пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нарҳи объекти иҷора бояд аз нарҳи ибтидоии он, ки дар ҳабари иттилоотӣ нашр гардидааст, кам набошад.
59) Шаҳсони зерин иштирокчиёни озмун шуда наметавонанд:
а) аъзои Комиссияи озмунӣ;
б) роҳбарияти дорандаи баланс.
60) Бақайдгирии иштироккунандагони озмун аз тарафи иҷорадиҳанда аз рўзи нашри ҳабари иттилоотӣ оғоз гардида, як соат пеш аз доир гардидани озмун ба анҷом мерасад.
61) Иҷорадиҳанда ному насаби иштирок-кунандагони озмунро дар китоби маҳсус ба қайд мегирад ва бо рақами муайян сабт намуда, ин рақамро дар лифофаи пешниҳоднамудаи иштироккунанда зикр менамояд.
62) Маҷлиси Комиссияи озмунӣ дар ҳолати ворид шудани як ё якчанд пешниҳод ҷиҳати иштирок дар озмун гузаронида мешавад. Комиссияи озмунӣ дар ҳолати иштироки беш аз 50 фоизи аъзои он дорои салоҳияти гузаронидани маҷлиси Комиссияи озмунӣ мебошад.
63) Лифофаҳо аз ҷониби Комиссияи озмунӣ дар вақти доир намудани озмун кушода мешаванд.
64) Ғолиби озмун иштироккунандае дониста мешавад, ки нарҳи пешниҳоднамудаи ў нисбати иштироккунандагони дигар зиёд бошад.
65) Дар сурати агар ба озмун танҳо як иштироккунанда ҳуҷҷат пешниҳод намуда бошад ва пешниҳоди ў аз нарҳи ибтидоии дар ҳабари иттилоотӣ нашргардида кам набошад, иштироккунандаи мазкур ғолиби озмун дониста мешавад.
66) Дар сурати аз тарафи ду ё якчанд иштироккунанда пешниҳод гардидани нарҳи якҳела, ғолиби озмун шаҳсе дониста мешавад, ки аввалин шуда ба қайд гирифта шудааст.
67) Комиссияи озмунӣ аз рўи ҳар як номгўи объекти иҷора, ки дар ҳабари иттилоотӣ нашр гардидааст, дар алоҳидагӣ Протоколи натиҷаи озмун тартиб медиҳад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
а) ҳайати Комиссияи озмунӣ;
б) шумораи иштироккунандагоне, ки барои иштирок дар озмун ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд;
в) рақами ғолиби озмун, ки дар рўи лифофа сабт шудааст;
г) нарҳи пешниҳоднамудаи ғолиби озмун.
68) Протоколи натиҷаҳои озмун аз тарафи аъзои комиссия ва ғолиби озмун имзо карда шуда, асос барои бастани шартномаи иҷора мебошад.
69) Ғолиби озмун дар давоми 5 рўзи бонки пас аз ба имзо расидани протоколи натиҷаҳои озмун боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби иҷорадиҳанда ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби даҳлдор пардоҳт менамояд, ки ин маблағҳо ба арзиши объекти иҷора доҳил намешаванд.