Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)


Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст


Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577)

Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурўши объектҳои моликияти давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).

1. Истилоҳоти истифодашаванда

1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:
- тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;
- музояда - намуди фурўши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;
- музоядачӣ - шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурўшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурўши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;
- супориши музоядавӣ - қарори фурўшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;
- номгўи музоядавӣ - номгўи лотҳои дар хабари иттилоотӣ нишон додашуда, ки ба музояда гузошта мешаванд;
- комиссияи музоядавӣ - комиссияи аз тарафи фурўшанда таъсисёфта, ки ба назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда ваколатдор аст;
- рўзи бонкӣ - рўзи кории расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тарзи ҳолландии савдо (музоядаи ҳолландӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот нисбат ба нархи ибтидоии лот бо қадами эълоншуда то лаҳзаи рақами музоядавии худро якумин шуда бардоштани яке аз иштирокчиён паст карда мешавад;
- пардохти кафолатӣ - таъмин намудани ҷиддияти нияти иштирок дар музояда ва дар ҳолати ғолиб баромадан имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда ва бастани шартномаи хариду фурўш аз тарафи иштироккунанда;
- тахтаи эълонҳо -лавҳаи дар ҷои барои ҷамъият дастрас гузошташуда, ки дар он фурўшанда бояд иттилооти ба фурўши объекти ба савдо гузошташуда тааллуқдоштаро ҷой диҳад:
- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ва воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки барои иштирок дар музояда хоҳиш дорад ва пардохти кафолатиро додааст;
- дархост - ҳуҷҷати намуди муқарраршуда, ки дар он иштироккунанда риоя намудани ҳамаи талаботи Низомномаи мазкурро изҳор мекунад;
- музоядаи пўшида - намуди музоядаи англисӣ, ки ҳангоми он иштироккунандагон пешниҳодҳои нархиро дар лифофаҳои сарпўшида манзур мекунанд;
- хабари иттилоотӣ - пешниҳоди расмии оммавии фурўшанда барои гузаронидани музояда, ки дар васоити электронӣ ва даврии ахбори умум интишор ёфтааст;
- лот - объекте, ки ба музояда гузошта мешавад. Дар ҳолати фурўши саҳмияҳо, теъдоди воқеии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии мушаххаси ба музояда гузошташаванда лот ҳисоб меёбад;
- нархи ибтидоии лот - нархе, ки бо он музоядаи ҳар як лот шурўъ мешавад;
- нархи фурўш - нархи охирини фурўши лот, ки дар ҷараёни гузаронидани музояда ҳосил шудааст;
- нархи ҳадди ақали лот - он нархе, ки объекти дар музоядаи ҳіолландӣ гузошташуда аз он пасттар фурўхта намешавад;
- резидент (резидентӣ) - шахси воқеии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои доимии иқоматдошта, аз ҷумла оне, ки муваққатан берун аз ҳудуди он қарор дорад, инчунин шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёфта ва аз қайд гузашта;
- ғайрирезидент (ғайрирезидентӣ) - шахси воқеии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷои иқомати доимӣ дошта (аз ҷумла онҳое ки мувақатан дар Тоҷикистон қарор доранд); шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсисёфта ва амалкунандаи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ҳамчунин намояндагии хориҷии дипломатӣ, тиҷоратӣ ва дигар намояндагии расмӣ, созмонҳои байналмилалӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо;
- объект - объекти хусусигардонӣ, саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқии дар заминаи қисматҳо ва воҳидҳои сохтории аз таркиби ҷамъиятҳои саҳомӣ ҷудо шуда аз нав таъсисёфта; қисматҳои истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолӣ ва воҳидҳои сохторӣ ҳамчун маҷмўи амволӣ; амволи ҷудогонаи корхонаҳои давлатӣ;
- ташкилотчӣ - фурўшанда, корхонаҳои воҳид ё давлатие, ки аз тарафи фурўшанда таъсис ёфтааст, ё шахси ҳуқуқии дигари аз тарафи фурўшанда интихобшуда, аз ҷумла дар асоси озмун, ки ваколати ташкил ва гузаронидани музоядаро доранд;
- нархи баҳодиҳӣ - нархи объекте, ки мутобиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиқ гардидааст, ба ҳисоб гирифта шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
- ҳуҷҷати пардохтӣ - ҳуҷҷате, ки пардохтро тасдиқ менамояд (супориши пардохтӣ, ордери мемориалӣ, забонхати расмӣ).
- ғолиб - иштироккунандае, ки нархи аз ҳама баландро барои лот дар музоядаи англисӣ пешниҳод намудааст ё аввалин шуда рақами музоядавиаш (байрақча)-ро дар музоядаи ҳолландӣ бардоштааст.
- харидор - ғолибе, ки бо фурўшанда шартномаи хариду фурўшро бастааст;
- низомнома - Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо;
- фурўшанда - мақомоти аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ ва аз тарафи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ВМКБ), вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои амалӣ сохтани фурўши объектҳои моликияти ба онҳо дахлдор дар музоядаҳо ваколатдор кардашуда;
- нақшаҳо, барномаҳо-нақшаҳо ва барномаҳои хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ, ки бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо тасдиқ гардидаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
- савдо - ҷараёни фурўши объект дар музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ;
- иштироккунанда - шахси воқеии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки бо услуби муқарраршуда барои иштирок дар музояда аз қайд гузаштааст.

II. Муқаррароти умумӣ

2. Ҳангоми фурўши объектҳо дар музоядаҳо қоидаҳои умумии зерин истифода бурда мешаванд:
- нархи ибтидоии объекти фуруши, ки ба музоядаи тарзи англисии савдо гузошта шуда, мутобиқи Тартиби муайян намудани арзиши объектіои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 387 тасдиѕ гардидааст, тибѕи ѕонунгузории ӣорҳ муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577).
3. Ҳангоми фурўши объект бо тарзи ҳолландии савдо:
- нархи ибтидоӣ бо роҳи зарб задани нарх, ки мутобиқи сархати якуми банди 2 муайян шудааст, бо коэффитсиенти баландкунанда муқаррар карда мешавад. Коэффитсиент аз тарафи фурўшанда муқаррар мегардад, ки бояд на камтар аз панҷ бошад.
- нархи ҳадди ақал ба андозаи пардохти кафолатӣ муқаррар карда мешавад.
4. Музояда дар сурати иштироки на камтар аз ду нафар гузаронида мешавад.
5. Ба натиҷаҳои музояда дар муддати 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи гузаронида шудани он бо тартиби муайяннамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз овардан мумкин аст.
6. Музоядаеро, ки бо вайрон кардани коидаҳои дар ин Низомнома муқарраршуда гузаронида шудааст, суд метавонад бо даъвои шахси манфиатдор, бекор кунад. Эътирофи бекор кардани савдо боиси бекор шудани шартномаи бо ғолиб басташуда мегардад.
7. Ҳар шахси хоҳишманд - метавонад нусхаи электронии ин Низомномаро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ба таври ройгон аз сомонаҳои интернетии расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ, инчунин нусхаи чопии онро аз фурўшанда бо нархи аслии чопи мошинӣ аз ҷое, ки дар тахтаи эълонҳо нишон дода шудааст, дастрас намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
8. Ҳангоми фурўши объектҳои ба нақшаҳо ва барномаҳо дохилшуда, ҳамчунин фурўши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии навтаъсис дар музояда қоидаҳои зерини фурўш ба кор бурда мешавад:
- саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат вуҷуд дорад, дар музоядаи тарзи савдои англисӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш гузошта мешаванд;
- саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 10 фоиз кам мебошад ва дар музоядаи тарзи савдои англисӣ ба фурўш нарафтааст, метавонанд ба музоядаи тарзи савдои ҳолландӣ ба фурўш бароварда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

III. Вазифаҳои фурўшанда

9. Вазифаҳо оид ба ташкил ва гузаронидани музоядаҳо:
- тақсими объектҳо ба музоядаҳои ҷудогона;
- муқаррар намудани сана ва ҷои гузаронидани музояда, ҳамзамон музоядаҳои ба фурўши объекти моликияти ҷумҳуриявӣ, ки дар нақшаҳо ва барномаҳо зикр шудаанд, танҳо дар шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
- риояи шартҳои зерин нисбати саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:
дар музоядаи англисӣ саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии алоҳида бо як ё якчанд теъдоди лотҳо ҳангоми яклухт (пурра) будани теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот гузошта мешаванд;
дар музоядаи ҳолландӣ маҷмўи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ дар як лот гузошта мешавад.
10. Вазифаҳои дигар:
- муайян намудани нархи ибтидоии лот;
- таҳияи супориши музоядавӣ;
- додани рақами музоядавӣ;
- тайёр кардани хабари иттилоотӣ;
- нашри хабари иттилоотӣ;
- нашри дигар иттилоот, рекламаи объектҳо ва қоидаҳои гузаронидани музоядавӣ;
- таҳияи корти музоядавӣ;
- тартиб додани комиссияҳои музоядавӣ;
- ташкили шиносоӣ бо объектҳои ба музояда гузошташаванда мувофиқи хоҳиши ҳар як шахс;
- мутобиқи талаботи ин низомнома нав кардани иттилоот дар тахтаи эълонҳо;
- дар ҳолатҳои дар ин низомнома пешбинишуда пас гирифтани объектҳо аз музояда;
- бурдани назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳо аз тарафи ташкилотчӣ;
- бастани шартномаҳои хариду фурўш бо ғолибони музоядаҳо ва назорати иҷрои онҳо;
- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо иштироккунандагон ва харидорон;
- амалӣ кардани ҳисобиҳо бо ташкилотчӣ;
- бурдани ҳисоби қайди музоядаҳо.
11. Фурўшанда ҳуқуқ дорад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нўҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми банди 10 нишон додашударо ба ваколати ташкилотчӣ вогузор кунад.
12. Ташкилотчӣ ҳуқуқи супоридани ваколатҳои ба ў вогузоршударо ба каси дигар надорад.
13. Фурўшанда метавонад вазифаҳои дар сархатҳои панҷум ва шашуми банди 10 омадаро ба мутахассисҳои соҳаи маркетинг, реклама ва алоқа бо ҷомеа вогузор кунад.
14. Муносибатҳои байни фурўшанда ва ташкилотчӣ дар ташкил ва гузаронидани як ё зиёда музоядаҳо, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки ташкилотчӣ муассисаи давлатии бо ин мақсад таъсисдодаи фурўшанда бошад, бо шартнома танзим мегардад. Дар чунин ҳолат муносибатҳои байни фурўшанда ва ташкилотчиро оиннома муайян мекунад.
15. Супориши музоядавӣ бояд аз инҳо иборат бошад:
- номгўи объектҳое, ки ба музояда гузошта мешаванд;
- суроғаи объектҳо ва намуди асосии фаъолияти онҳо;
- тарзи гузаронидани савдо;
- мўҳлатҳои ниҳоии гузаронидани музояда ва рақами бақайдгирии музояда;
- андозаи лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ), миқдори лотҳо, теъдоди саҳмияҳо дар ҳар лот, нархи ибтидоии лот ҳангоми музоядаҳои англисӣ ва ҳолландӣ дар ҳар кадом ҷамъияти саҳомӣ;
- ҷойи баргузории музояда (шаҳр ё ноҳия) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

IV. Тартиби тайёрӣ барои гузаронидани музояда

16. Номгўи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тартиби гузаронидани муояда ҳангоми фурўши корхонаи давлатӣ:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии шахсони ҳуқуқӣ; корхонаи давлатӣ;
- нусхаи баланси ҳисобдорӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурўш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;
- санади нархгузории объект.
17. Ҳангоми фурўши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ;
- нусхаҳои эломи эмиссияи саҳмияҳо ва шаҳодатномаи қаёди эмиссия дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаҳои баланси ҳисобдории ҷямъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботӣ пеш аз эълони фурўш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст;
- санади нархгузории объект.
18. Ҳангоми фурўши амволи корхонаи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ ҳуҷҷатҳо тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010, № 391 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ба фурўш баровардани амволи давлатӣ ҳамчун объекти мустақили хусусигардонӣ" пешниҳод мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
19. Ҳангоми ташаккули комиссияи музоядавӣ:
- таҳия намудани лотҳо;
- тартиб додани супориши музоядавӣ;
- муқаррар намудани мўҳлат ва ҷои гузаронидани музояда;
- муайян намудани нархҳои ибтидоии лотҳо;
- муайян кардани тартиби супоридани пардохти кафолатӣ;
- дар васоити ахбори умум ба чоп расонидани хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музоядаҳо ва гузаронидани фаъолияти дигари ташвиқотӣ;
- тартиб додани корти музоядавӣ;
- шиносоӣ бо объектҳо бо хоҳиши иштирокчиёни эҳтимолии музоядаҳо, ки фурўшанда ташкил кардааст;
- бақайдгирии иштирокчиён (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).

V. Ташкилшавӣ ва салоҳияти комиссияи музоядавӣ

20. Барои амалӣ кардани назорати рафти ташкил ва гузаронидани музояда оид ба фурўши объектҳои моликияти ҷумҳуриявӣ фурўшанда комиссияро дар ҳайати 7 нафар таъсис медиҳад:
- ба комиссия намояндагони фурўшанда, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
- ба комиссия намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сатҳи на пасттар аз муовини Раиси Кумита, роҳбарӣ мекунад (раиси комиссия) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
- муовини раиси комиссия аз ҳисоби аъзон комиссия дар ҷаласаи комиссия интихоб карда мешавад;
- котиби комиссия намояндаи
- Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,мебошад (яке аз аъзоёни комиссияи музоядавӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
- фурўшанда бояд ҳар сол на камтар аз 30 % аъзоёни комиссияро иваз намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
21. Мақоми ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташкили фурўши моликияти ҷумҳуриявӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, метавонад комиссияҳои назорати рафти ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурўши объектҳои моликияти ҷумҳуриявиро дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти адлия, иқтисод, молия ва андоз ташкил намояд. Раиси комиссия дар сатҳи муовини раиси вилоят (шаҳр ё ноҳия) муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
22. Барои амалӣ кардани рафти назорати ташкил ва гузаронидани музоядаҳои фурўши объектҳои моликияти коммуналӣ фурўшанда як ё якчанд комиссия ташкил мекунад. Ба ҳайати комиссия намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти минтақавии идоракунии амволи давлатӣ, мақомоти молия, иқтисод ва адлия шомил мешаванд. Ҳайати комиссия бо қарори раисони ВМБК, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо тасдиқ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
23. Қарорҳои комиссия бо овозҳои аксарияти аъзоҳои ҳузурдоштаи комиссия қабул карда мешаванд. Ҳангоми баробар будани овозҳо, овози раиси комиссия ҳалкунанда мебошад.
24. Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисоб мешавад, ки дар кори он на кам аз чор нафар аъзоён иштирок намоянд.
25. Ҳар як аъзои комиссия ҳуқуқи мулоҳизаи махсусро дорад, ки онро вай ба раиси комиссия ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд. Мулоҳизаи махсуси ҳар як аъзои комиссия дар протоколи комиссия музоядавӣ сабт мегардад.

VI. Хабари иттилоотӣ

26. Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурўши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иншооти сохтмонашон нотамом як маротиба на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
- Хабари иттилоотӣ оид ба гузаронидани музояда барои фурўши воситаҳои асосии манқули давлатӣ (воситаҳои нақлиётӣ ва механизмҳо,-таҷҳизоту воситаҳои компютерӣ, мебелу инвентар ва дигар воситаҳои манқул), амволи ҳабсгардида, ба фоидаи давлат мусодирагардида, пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга як маротиба на дертар аз 15 рўзи тақвимӣ то санаи гузаронидани музояда дар яке аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурўшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
27. Хабари иттилоотӣ оид ба фурўши саҳмияҳои давлатӣ, иншооти ғайриманқул, иншооти сохтмони нотамом бо забони давлатӣ ё забони русӣ дар яке аз рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ чоп мегардад, инчунин дар сомонаи интернетии фурўшанда ё ташкилотчии музояда ҷойгир карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
28. Дар бахши объектҳои моликияти коммуналӣ хабари иттиоолотӣ дар воситаҳои ахбори умуми маҳаллӣ, ки дар тамоми қаламрави ҳамин минтақа паін мешаванд, интишор карда мешавад.
29. Саҳифаҳои рўзномаҳо бо хабари иттилоотии дар онҳо нашршуда на дертар аз як рўзи баъди интишори онҳо дар тахтаи эълонҳо ҷой дода шуда, на барвақттар аз гузаштани як рўзи баъди гузаронидани музояда аз тахтаи эълонҳо гирифта мешаванд.
30. Хабари иттилоотӣ бояд аз инҳо иборат бошад:
- ном, суроға, телефони фурўшанда ва ташкилотчӣ;
- сана, ҷой, вақти гузаронидан ва рақами музояда;
- номгўи, маҳалли ҷойгиршавии объект;
- фаъолияти асосии объект;
- ҳаҷми лотҳои гузошташаванда (бо фоизҳо аз сармояи оинномавӣ) дар ҳар як ҷамъияти саҳомӣ;
- тарзи гузаронидани музояда;
- нархҳои ибтидоии лотҳое, ки ба фурўш гузошта мешаванд;
- нархи пасттарини лотҳо дар музоядаи ҳолландӣ;
- ҳаҷми пардохти кафолатӣ ва тартиби супоридани он;
- хаҷми боҷи комиссионӣ;
- телефонҳо ва суроғаҳо, ки тавассути онҳо хоҳишмандон метавонанд маълумоти иловагӣ бигиранд;
- маълумоти дигар мувофиқи салоҳдиди фурўшанда.
31. Фурўшанда ба эътимоднок будани маълумотҳои дар ахбори иттилоотӣ интишор гардида ҷавобгў намебошад.

VII. Пардохти кафолатӣ

32. Пардохти кафолатӣ таъмини ўҳдадориҳои зерини иштироккунанда мебошад:
- имзо намудани протоколи натиҷаҳои музояда дар сурати ғолиб эълон гардидани ў;
- бастани шартномаи хариду фурўш мутобиқи протоколи натиҷаҳои музояда;
- пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва ҳуҷҷатҳо ҳангоми бақайдгирӣ ба сифати иштироккунандаи музояда.
33. Пардохти кафолатӣ барои иштирок дар музояда дар ҳаҷми зерин муқаррар карда мешавад:
- 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот дар музоядаи англисӣ ҳангоми фурўши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта, корхонаҳои давлатӣ ва маҷмўъҳои амволӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
- 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот ҳангоми фурўши мошинҳо, механизмҳо ва дигар воҳиди амвол дар музоядаи англисӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
- 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як лот ҳангоми фурўши объектҳо дар музоядаи ҳолландӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188);
34. Пардохти кафолатиро ҳам бо асъори конвертатсияшаванда ва ҳам бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар рўзи пардохти он гузарондан мумкин аст.
35. Иштироккунанда ҳуқуқ дорад бо як ҳуҷҷати пардохти теъдоди номаҳдуди пардохтҳои кафолатиро супорад, ҳамзамон як пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда ҳуқуқи харидани як лотро медиҳад.
36. Пардохти кафолатӣ мумкин аст ба таври нақдӣ ё ғайринадӣ супорида шавад.
37. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ аз рўзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як рўз пеш аз шурўъи музояда қатъ мешавад.
38. Супоридани пардохти кафолатӣ ба таври нақд аз рўзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз шуда як соат пеш аз шурўъи музояда қатъ мешавад.
39. Пардохти кафолатӣ ба таври ғайринақдӣ, ҳамон вақт супорида ҳисоб мешавад, ки иштироккунанда ҳуҷҷати пардохтии тасдиқкунандаи супоридани пардохти кафолатиро ҳамроҳи худ дошта бошад.
40. Пардохти кафолатии харидор ҳамчун пардохтҳои мутобиқи шартномаи хариду фурўш анҷомдодашаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.
41. Иштироккунандае, ки ғолиби музояда нашудааст, ҳуқуқ дорад ба тариқи хаттӣ аз баргардонидани пардохти кафолатӣ, бо мақсади истифодаи маблағи мазкур барои иштирок дар музоядаҳои минбаъда, даст кашад.
42. Пардохти кафолати дар ҳолатҳои зерин пас гардонида намешавад:
- даст кашидани ғолиб аз имзои протоколи натиҷаҳои музояда ё аз бастани шартномаи хариду фурўш;
- иҷро накардан ё иҷрои нокифояи ўҳдадориҳои шартномаи хариду фурўш;
- ҳангоми пешниҳоди нархи ба андозаи аз ҳаҷми панҷкаратаи нархи ибтидоии объект камтар дар музоядаи пўшида аз тарафи иштироккунанда;
- ҳангоми ошкор намудани номувофиқии иштироккунанда ба талаботе, ки ин Низомнома аз ў талаб менамояд.
43. Ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 41 ва 42 нишон додашуда, пардохти кафолатӣ ба иштироккунанда дар муддати 5 рўзи бонкӣ аз рўзи гузаронидани музояда ё дар муддати 5 рўзи бонкӣ аз рўзи гузаштани пардохти кафолатӣ ба суратҳисоби фурўшанда дар ҳолате ки он баъди гузаронидани музояда дохил шудааст, баргардонида мешавад.
44. Дар ҳолате, агар пардохти кафолатии иштироккунанда аз андозаи пардохтҳои кафолатии лотҳо, ки дар онҳо вай ғолиб эълон шуда буд, зиёд бошад, ҳаҷми пардохти кафолатии аз талабшаванда зиёд ба ҳисоби пардохтҳои дар пешистода ҳангоми хариди лотҳо гузаронида мешавад, ё бо хоҳиши иштироккунанда бо асъоре, ки пардохти кафолатӣ супорида шуда буд, баргардонида мешавад.

VIII. Рекламаи музояда ва дастраскунии маълумот ҳангоми шиносоӣ бо объект

45. Рекламаи музоядаро метавонад худи фурўшанда ё ташкилотчӣ бо мувофиқа бо фурўшанда амалӣ намояд.
46. Реклама ба шакли озод ташкил шуда бояд ба ҷалби махсусан васеи иштироккунандагон нигаронида шавад.
47. Маьлумот дар реклама бояд саҳеҳ бошад ва ба иттилооти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда мухолифат накунад.
48. Дар ҳолати мухолифати маълумоти дар реклама буда ва хабари иттилоотӣ, маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда ҳамчун асос гирифта мешавад. Чунин мухолифат барои бекор кардани музояда ё гирифтани объект аз музояда асос шуда наметавонад.
49. Маълумоти муфассалтарро назар ба маълумоти дар хабари иттилоотӣ интишоршуда, оид ба ҳолати молиявӣ ва техникии корхона, ҳангоми шиносоӣ бо объект аз маъмурияти корхона гирифтан мумкин аст.
50. Нусхаи баланси ҳисобдории ҷамъияти саҳомӣ дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз эълони фурўш, ки мақомоти андоз тасдиқ кардааст дар ихтиёри фурўшанда мебошад ва ба ҳамаи хоҳишмандон пешниҳод карда мешавад.
51. Баъди нашри хабари иттилоотӣ фурўшанда, ташкилотчӣ ва маъмурияти объект вазифадоранд, ки ба ҳамаи хоҳишмандон бе ягон шарт ва маҳдудкунӣ, дастрасӣ ба корхона ва маълумот дар бораи он, аз ҷумла дар ҳолати фурўши саҳмияҳо нусхаи эъломи эмиссияро низ таъмин намоянд.
52. Дар ҳолати аз тарафи маъмурияти корхона пешниҳод нашудани маълумот, фурўшанда метавонад ҷазои интизомиро нисбати роҳбари корхона истифода барад.

IX. Бекор кардани музояда ва гирифтани объект аз музояда

53. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои якум, дуюм, панҷум, ҳаштум ва нуҳуми банди 30-и ин Низомнома нишон додашуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ин бандҳо байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурўшанда на дертар аз 3 рўз то рўзи баргузоршавии музояда ин музоядаро метавонад бекор намояд ва хабари бекоршавии онро дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ нашр шуда буд, интишор мекунад.
54. Агар дар хабари иттилоотӣ маълумотҳои дар сархатҳои сеюм, шашум, ҳафтуми банди 30-и ин Низомнома зикршуда мавҷуд набошанд ё ихтилофе доир ба ни сархатҳо дар байни хабарҳои алоҳидаи иттилоотӣ дида шавад, фурўшанда на дертар аз 3 рўз то рўзи баргузоршавии музояда метавонад объектро аз музояда пас гирад ва дар хусуси бозпас гирифтани объект дар ҳамон васоити ахбори умуме, ки хабари иттилоотӣ чоп шуда буд, маълумот нашр мекунад.
55. Дар ҳолатҳое, ки фурўшанда музоядаро дар мўҳлати аз 3 рўз пештар то рўзи баргузоршавии он бекор менамояд ў вазифадор аст зарари воқеиро барои иштирокчиёни музояда дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҷуброн намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).
56. Дар ҳамаи ҳолатҳои бекоркунии музояда ё бозпас гирифтани иншоот аз музояда фурўшанда вазифадор аст хабарро дар ин бора дар тахтаи эьлонҳо дар рўзи қабули чунин қарор ҷой диҳад.

X. Иштироккунандагони музояда

57. Барои иштирок дар музояда шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентӣ, ки мувофиқи тартиби дар фасли XI ин Низомнома муайяншуда аз қайд гузаштаанд, роҳ дода мешаванд.
58. Инҳо иштирокчиёни музояда шуда наметавонанд:
- шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 25% зиёд аст;
- кормандони фурўшанда ва ташкилотчии музояда, инчунин аъзоёни комиссияи музоядавӣ;
- ғолибони музоядаҳои қаблӣ ё намояндаҳои қонунии онҳо, ки ўҳдадориҳои пешбининамудаи ин Низомномаро иҷро накардаанд, онҳое, ки аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳои минбаъда ба мўҳлати дувоздаҳ моҳ аз лаҳзаи баргузоршавии музоядаи дар он ғолиб эълон шуда, маҳрум карда шудаанд;
- иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кўшиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда ба мўҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музоядаҳо маҳрум карда мешаванд.
59. Фурўшанда, ташкилотчӣ ва комиссияи музоядавӣ ҳуқуқ надоранд, ки:
- аз иштирокчӣ маълумотро оид ба нияти харидани ин ё он лоти дар музояда гузошташуда талаб намоянд;
- пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагиро барои аз қайд гузаштан ба сифати иштирокчӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳои дар ин Низомнома номбаршуда талаб намоянд;
- иттилоотеро, ки ба иштироккунандагони музояда иртибот дорад ё ба рафти музояда ҳангоми гузаронидани он таъсир мерасонад ошкор намоянд.

XI. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда

60. Иштироккунандагон ба толори музояда бо манзур намудани пойгир дар бораи тасдиқи қайди иштироккунанда ва шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият роҳ дода мешаванд.
61. Ба қайд гирифтани иштироккунандагони музояда аз рўзи интишори хабари иттилоотӣ дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ оғоз шуда як соат пеш аз саршавии музояда ба поён мерасад.
62. Бақайдгирӣ дар дафтарҳои махсуси ҳар саҳифааш рақамгузорӣ шуда ва бо ришта дўхташудаи қайди иштироккунандагони музояда барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоҳида аз рўи шартҳои дар замимаҳои 1 ва 2 нишон додашуда бурда мешавад.
63. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии резидентӣ бояд пешниҳод намояд:
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурўшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад. Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;
- шиноснома ё ҳуққати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
- нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад;
- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
64. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси воқеии ғайрирезидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум, сеюм, чоруми банди 63 зикршуда;
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
65. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии резидентӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха (замимаи 3). Нарасидани бланкҳо сабаби рад кардани бақайдгирии аризадиҳанда шуда наметавонад;
- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мўҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;
- нусхаҳои бо мўҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577);
- дар ҳолати иштироки шахси аввал нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шудани ў;
- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.12.2013 № 577).
66. Барои аз қайд гузаштан ба сифати иштироккунанда шахси ҳуқуқии ғайрирезидентӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намояд:
- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои якум ва дуюми банди 65 зикршуда;
- нусхаи асли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқи имзо ва бо мўҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад бо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатнома оид ба аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашудаи бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будани иштироккунандаро исбот мекунад;
- дар ҳолати иштироки шахси аввал, нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъин шуданн ў.
67. Фурўшанда ё ташкилотчӣ қуқуқ надоранд, ки шахсони ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 63, 64, 65 ва 66 нишон додашудадоштаро ба қайд нагиранд.
68. Ба шахсе, ки аз қайд гузаштаааст, чунин ҳуҷҷатҳо дода мешавад:
- пойгири дархост - тасдиқи аз қайд гузаштан аз рўи шакли дар замимаи 4 зикршуда;
- корти музоядавӣ;
- нусхаи ин Низомнома бо тарҷумаи тоҷикӣ ва русӣ мувофиқи интихоби иштироккунанда;
- рақами музоядавӣ (байрақча).
69. Баъди ба поён расидани музояда иштироккунандагон ба ташкилотчӣ нусхаи ин Низомнома ва рақами музоядавӣ (байрақча)-ро месупоранд.
70. Истифода бурдани рақами музоядавӣ аз тарафи шахси дигар, дар ҷараёни музояда манъ аст.

XII. Гузаронидани музояда

71. Музоядаро музоядачӣ мегузаронад.
72. Музояда аз эълони қоидаҳои гузаронидани музояда оғоз мешавад.
73. Музояда аз рўи ҳар як лот бо эълони музоядачӣ дар бораи объекти фурўш, тавсифи кўтоҳи он, усули гузаронидани музояда, нархи ибтидоӣ ва қадами тағйирёбии нарх оғоз мешавад.
74. Мунтазамии гузоштани лотҳо дар музояда бояд ба тартиби дар хабари иттилоотӣ муқарраршуда мувофиқат кунад.
75. Ду қадами якуми тағйирёбии нархҳо дар ҳаҷми 5% аз нархи ҷории лот муқаррар мешавад. Музоядачӣ ҳуқуқ дорад мустақилона қадамҳои минбаъдаро эълон намуда, нархро дар доираи аз 5% то 10% нархи ҷории лот тағйир диіад.
76. Иштироккунандагон ва шахсони ҳузурдошта, ки ба рафти музояда кушиши таъсир расонидан доранд ё қоидаҳои гузаронидани онро вайрон мекунанд, мувофиқи қарори комиссияи музоядавӣ аз толори баргузории музояда бароварда шуда, ба мўҳлати дувоздаҳ моҳ аз ҳуқуқи иштирок дар музояда маҳрум карда мешаванд.
77. Натиҷаҳои музояда аз рўи ҳар як лоти фурўхташуда бо протоколи аз тарафи комиссияи музоядавӣ, музоядачӣ ва ғолиб имзошуда баъди ба поён расидани музояда аз рўи ҳар лот таҳия мешавад (замимаи 5). Музоядачӣ ҳуқуқ дорад, ки барои ба имзо расонидани протокол танаффус эълон намояд. Як нусхаи протокол ба харидор дода хоҳад шуд.
78. Протокол дар се нусха таҳия мешавад, яктогӣ барои фурўшанда, харидор ва комиссияи музоядавӣ.
79. Комиссияи музоядавӣ бояд ба фурўшанда як нусхаи протоколро оид ба натиҷаҳои музояда на дертар аз як рўзи баъди музояда сипаришуда диҳад.
80. Протоколи натиҷаҳои музояда аз рўи лоти мазкур ҳуҷҷатест, ки натиҷаҳои музояда, инчунин ўҳдадории ғолиб ва фурўшандаро барои аз рўи нархи фурўш бастани шартномаи хариду фурўши объекти хусусигардонӣ сабт мекунад.
81. Ғолиб ё фурўшанда вазифадоранд шартномаи хариду фурўшро дар мўҳлати на зиёдтар аз 10 рўзи бонкӣ аз рўзи имзошавии протокол, ба имзо расонанд.
82. Дар сурати даст кашидани фурўшанда аз бастани шартнома харидор ҳақ дорад ба суд дар хусуси маҷбуран бастани шартнома, инчунин ҷуброни зарарҳое, ки бинобар саркашӣ намудани фурўшанда аз бастани шартнома ҳосил шудаанд, муроҷиат намояд.
83. Дар сурати даст кашидани комиссия аз имзои протокол, ташкилотчӣ вазифадор аст пардохти кафолатиро баргардонад, инчунин ба шахси дар савдо бурд карда товони зарари аз иштирок дар савдо ба даст омадаро ба маблағи 20 фоиз аз пардохти кафолатӣ зиёд ҷуброн намояд ва объекти мазкур ба музояда дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188).
84. Дар сурати даст кашидани ғолиби музояда аз имзои протоколи натиҷаи музояда ё бастани шартномаи хариду фурўш, объекти фурўхташуда ба музояда аз нав дар ҳамон сатҳ гузошта мешавад.
85. Дар музояда ба сифати нозирон ҳуқуқ доранд кормандони васоити ахбори умум ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.
86. Аз рўи натиҷаи ҳар музояда протоколи ҷамъбастӣ бо шакли дар замимаи 6 омада, тартиб дода мешавад.
87. Нусхаҳои протоколи ҷамъбастӣ:
- дар тахтаи эьлонхо то охири рўзи баргузории музояда ҷой дода шуда, бояд муддати 10 рўз он ҷо монанд;
- барои ҳамаи иштироккунадагони хоҳишманд, ки ба шўъбаи умумии фурўшанда муроҷиат кардаанд, аз рўзи аввали кории баъди гузаштани музояда бояд дастрас бошад.

XIII. Музоядаи англисӣ

88. Музоядачӣ нархи ибтидоии лот ва қадами зиёдкунии нархро эълон мекунад.
89. Дар сурате, ки ду ё зиёда иштироккунандагон рақамҳои худро дар як вақт боло мекунанд, музоядачӣ нархи ибтидоии лотро ба қадами эълоншуда баланд мекунад. Музоядачӣ рақамҳои музоядавии иштироккунандагони музоядаро эълон менамояд, нархро устувор намуда баландкунии онро пешниҳод мекунад.
90. Музояда аз рўи лот то ҳамон лаҳзае давом мекунад, ки як иштироккунандаи нархи баландтаринро пешниҳоднамуда монад. Музоядачӣ рақами музоядавии иштироккунандаеро, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, эълон мекунад.
91. Музоядачӣ се маротиба нархи охирини лотро такрор намуда баъди набудани рақамҳои болошуда бо зарбаи болғача фурўхта шудани лоти мазкурро эълон мекунад.
92. Ҳангоми 5 маротиба зиёд шудани нархи ибтидоии лот комиссияи музоядавӣ музоядаро боздошта байни иштироккунандагоне, ки ба лот 5 маротибаи нархи ибтидоӣ ва аз он зиёдро пешниҳод намудаанд, музоядаи пўшида мегузаронад.
93. Музоядаи пўшида ҳамон рўз баъди ба поён расидани музояда аз рўи лотҳои боқимонда гузаронида мешавад.
94. Ҳангоми гузаронидани музоядаи пўшида иштироккунандагон нархи лоти мазкурро ба таври хаттӣ дар лифофаи сарпўшида пешниҳод менамоянд (замимаи 7).
95. Комиссия лифофаҳоро бо пешниҳодот дар ҳузури иштироккунандагони лоти мазкур, худи ҳамон рўз мекушояд.
96. Нархи дар лифофа нишон додашуда бояд аз ҳаҷми панҷ каратаи нархи ибтидоӣ кам набошад.
97. Иштироккунандае, ки нархи баландтаринро пешниҳод намудааст, ғолиби музояда дар лоти мазкур дониста мешавад.

XIV. Музоядаи ҳолландӣ

98. Музоядачӣ нархи ибтидои лотро эълон намуда харидани онро ба иштироккунандагон пешниҳод мекунад.
99. Агар ҳангоми эълон намудани нархи ибтидоӣ ду ва ё иштироккунандагони зиёдтари хоҳишманди</