Озмуни иҷора


ijora


Озмуни иҷора ин ҷараёнест, ки дар он иштирокчиён вобаста ба объекти иҷора пешниҳоди худро ба монанди маблағи иҷорапулии он дар лифофа пешниҳод менамоянд ва пешниҳоди беҳтарин ғолиб дониста мешавад.

1. Оғози ҷараёни иҷораи амволи давлатӣ
Ба иҷора супоридани амволи давлатӣ тавассути мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2011 №537 «Дар бораи тасдиқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ» бо роҳи гузаронидани озмуни оммавӣ сурат мегирад.

Тибқи қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2012 №3 “Дар бораи вазифа ва салоҳияти сохторҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Тартиби ба ичора супоридани амволи давлатӣ» Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатӣ баррасӣ намудани пешниҳоди дорандагони баланс (ташкилоту идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ) дар бораи иҷораи амволи давлатӣ ва қабули қарору супориши дахлдор барои ба озмуни иҷора баровардани иншоотҳо ва таҷҳизоту масоҳатҳои давлатӣ вазифадор гашта, КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ бошад мутобиқи супориши озмунӣ ташкилу баргузории озмунҳои иҷора, дар асоси Протоколи натиҷаи озмун бо ғолиби озмун ба имзо расонидани шартномаи иҷораи амволи давлатӣ ва минбаъд назорати пардохти саривақтии иҷорапулиро аз иҷорагирон, инчунин иҷрои дигар вазифаҳо ва ўҳдадориҳои дар Шартномаи иҷора дарҷшударо таъмин менмояд.
2. Эълони озмуни иҷора
Ҳангоми қабул шудани қарор дар бораи ба озмун баровардани объектҳои давлатӣ, тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2011 №537 аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ хабари иттилоотӣ дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи расмии Корхона www.muzoyada-kvd.tj дар мўҳлати на камтар аз 15 рўз аз рўзи баргузории озмун нашр ва интишор мегардад.
3. Бақайдгирии иштирокчиён
Бақайдгирии иштироккунандагони озмун аз тарафи иҷорадиҳанда аз рўзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз гардида, як соат пеш аз доир гардидани озмун ба анҷом мерасад ва ҳама талабгорон метавонанд бо дарназардошти риояи талаботҳои дар поён зикршуда ва пардохти маблағи кафолатпулӣ озодона дархостҳои худро пешкаш намоянд.

Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ҷиҳати иштирок
дар озмуни иҷораи амволи давлатӣ
Барои шахсони ҳуқуқӣ
1. Иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ ва ё Оинномаи шахси ҳуқуқӣ
2. Шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти андоз
3. Ваколатномаи намояндаи шахси ҳуқуқӣ барои иштирок дар озмун
4. Нусхаи шиносномаи намояндаи ваколатдори шахси ҳуқуқӣ
5. Нусхаи расид оид ба пардохти маблағи кафолатӣ барои иштирок дар озмун
Барои шахсони воқеӣ
1. Нусхаи шиносномаи шахси воқеӣ бо дарҷи қайди ҷойи истиқомат
2. Нусхаи расид оид ба пардохти маблағи кафолатӣ барои иштирок дар озмун.

Ному насаби Иштироккунандаи озмун бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар болозикршуда ва пардохти маблағи кафолатпулӣ, аз ҷониби шўъбаи ба иҷора супоридани амволи давлатии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар китоби махсус ба қайд гирифта мешавад ва бо рақами муайян сабт мегардад, ки ин рақам дар лифофаҳои пешниҳодшудаи иштироккунанда зикр мешавад. Пас аз анҷоми қайдҳои мазкур лифофаҳои пешниҳоди озмунии иштироккунандагони озмун аз ҷониби онҳо ба қутии пешниҳоди озмунӣ интиқол дода мешавад.
4.Натиҷаи озмун
Минбаъд пешниҳодҳо дар шоҳидии аъзоёни комиссияи озмунӣ аз қутича бароварда шуда, мавриди баррасӣ қарор мегиранд ва оид ба ҳар як лот (яъне объекти иҷора) пешниҳоди беҳтарин ғолиб эълон карда мешаванд, ки бо ў шартномаи иҷораи амволи давлатӣ баста мешавад. Маблағи кафолатпулии ғолиби озмун ҳамчун маблағи пардохти иҷорапулӣ ҳисобида карда мешавад, вале кафолатпулиҳои иштирокчиёне, ки ғолиб нагаштаанд бозпас гардонида мешаванд.
Амалиёти минбаъда байни Иҷорадеҳ ва Иҷорагир дар доираи ўҳдадориҳои дар шартномаи иҷора зикршуда сурат мегирад.

Машаварати иловагӣ:
Шўъбаи ба иҷора супоридани амоли давлатии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ 221-73-74