Музояда


Мафҳуми умумии “музояда” ин савдои оммавии фурўши молу амвол мебошад, ки бо принсипи асосии таъмини рақобати байни харидорон амалӣ мегардад. Музоядаи фурўши амволи давлатӣ дар доираи ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ амалӣ шуда дар он тавассути лотҳо амволи давлатӣ, аз ҷумла саҳмияҳои давлатӣ иншооти ғйриманқул, воситаҳои нақлиёт ва пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга ба савдо бароварда мешавад ва ғолиби он иштироккунандае, ки нархи аз ҳама баландро барои лот пешниҳод намудааст эътироф мегардад.
Хусуссигардонӣ - фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқарраршуда оиди додани ҳуқуки моликият ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ анҷом дода мешавад.

1. Оғози ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ

Ҷараёни хусусигардонӣ дар доираи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусиградонӣ» аз 16 майи соли 1997 №465 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 «Дар бораи тасдиқӣ Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музояда ва тендерҳо» сурат мегирад.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусиградонӣ» мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ инҳо мебошанд:
- дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ - Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар мавриди моликияти Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо – Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва дар ҳудуди салоҳияти худ, - Раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.

Дар ин ҷода, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 590, ҳамчун мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти идоракуни амволи давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳўриявӣ амал менамояд.
Тибқи муқаррароти Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо Фармоишгари ҳангоми фурўши моликияти ҷумҳуриявӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқӣ нарҳо ва ба фурўш баровардани амволи давлатӣ қарор қабул мекунад ва Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ ҳамчун Ташкилотчӣ – ташкилу баргузории музоядаҳоро бо риояи талаботҳои қонунгузории амалкунандаи мамлакат таъмин менамояд.

2. Эълони баргузории музояда

Ҳангоми қабул шудани қарор дар бораи ба фурўш баровардани амволи давлатии мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ дар музоядаҳо тибқи муқаррароти Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музояда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 тасдиқ шудааст, аз ҷониби КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ хабари иттилоотӣ дар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи расмии Корхона www.muzoyada-kvd.tj дар мўҳлатҳои мазкур нашр ва интишор мегарданд:
- ҳангоми фурўши саҳмияҳо ва иншооти ғайриманқул на камтар аз 30 рўз пеш аз рўзи баргузории музояда;
- ҳангоми фурўши воситаи нақлиёт ва пораву партовҳои металҳои сиёҳ ва ранга на камтар аз 15 рўз пеш аз рўзи баргузории музояда;

3. Бақайдгирии иштирокчиён

Бақайдгирии иштироккунандагони озмун аз тарафи Ташкилотчӣ аз рўзи нашри хабари иттилоотӣ оғоз гардида, як соат пеш аз доир гардидани музояда ба анҷом мерасад ва ҳама талабгорон метавонанд бо дарназардошти риояи талаботҳои дар поён зикршуда ва пардохти маблағи кафолатпулӣ озодона дархостҳои худро пешкаш намоянд.

Ҳуҷҷатҳо барои пешниҳод ҷиҳати иштирок
дар музоядаи фурўши амволи давлатӣ
Барои шахсони воқеии резидентӣ
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха. Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурўшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад;
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;
- нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад;
- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга
Барои шахсони воқеии ғайрирезидентӣ
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха. Аризадиҳанда бланки дархостро аз фурўшанда ё ташкилотчӣ дар толори баргузории музояда мегирад;
- нусхаи асли ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти намояндаи шахси воқеиро тасдиқ мекунад;
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;

- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Барои шахсони ҳуқуқии резидентӣ
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха.
- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мўҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд;
- нусхаҳои бо мўҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ;
- дар ҳолати иштироки шахси аввал нусхаи фармон ё қарори маҷлиси умумӣ дар бораи таъйин шудани ў;
- иҷозатномаи дахлдор мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди иштирок дар музоядаи фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга.

Барои шахсони ҳуқуқии ғайрирезидентӣ
- дархост барои иштирок дар музояда дар як нусха.
- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохт, ки супоридани пардохти кафолатиро тасдиқ мекунад;
- нусхаи асли ҳуҷҷате, ки аз ҷониби шахси аввали мансабдори шахси ҳуқуқӣ имзо ва бо мўҳр тасдиқ шудааст ва салоҳияти намояндаи шахси ҳуқуқиро тасдиқ мекунад бо тасдиқи нотариалии тарҷума ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- нусхаҳои ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатнома оид ба аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ;
- иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашудаи бо тариқи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будани иштироккунандаро исбот мекунад;
Ному насаби Иштироккунандаи музояда бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар болозикршуда ва пардохти маблағи кафолатпулӣ, аз ҷониби шўъбаи ташкили фурўши амволи давлатии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ дар китоби махсус ба қайд гирифта мешавад ва бо рақами муайян сабт мегардад.

4.Ҷараёни музояда

Дар рўзи баргузории музояда иштирокчиён дар толори музоядавӣ ҷамъ гардида, дар ҳузури Комиссияи музоядавӣ, ки ба он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати молия, Вазорати адлия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва мақомоти андоз шомиланд, вобаста ба лотҳои (амволҳои) пешниҳодшуда савдо менамоянд.
Дар ин ҷода, иштирокчӣ оид ба амволи хоҳон фитаи рақами иштирокчиро боло мекунад ва иштирокчии охирони дастболо ғолиби музояда эътироф карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар рафти рақобат (дастболо будани фитаи рақамҳои ду ё зиёдтар иштирокчиён) нархи фурўши амвол то боқи мондани як иштирокчии дастоболо аффзоиш мекунад. Дар асоси протоколи натиҷаи музояда бо ғолиби музояда шартномаи хариду фурўш баста мешавад, ки мутобиқи он дар муҳлатҳои муқаррагардида маблағи фурўши объект бояд аз тарафи харидор пардохт карда шавад.
Ҳангоми пардохти пурраи маблағи фурўш байни фурўшанда харидор санади қабулу супоридани объекти хусусигардонӣ ба имзо мерасад, ки танҳо пас аз ин харидор бақайдгирии амволи харидоришударо дар мақомоти дахлдори нотариалӣ амаи менамояд.
Маълумоти муфассал Низомномаи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо

Машаварати иловагӣ:
Шўъбаи ташкили фурўши амволи давлатии КВД оид ба ташкили фурўши амволи давлатӣ 221-73-74