Низоми аз эътиборсоқиткунӣ


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

аз 30 апрели соли 2012 №184

Дар бораи тасдиқи
Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои
асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
Тартиби замимагардидаи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд, тасдиқ карда шавад.



Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон

Тартиби
аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие,
ки моликияти давлатӣ мебошанд

1. Тартиби аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки моликияти давлатӣ мебошанд (минбаъд – Тартиб) бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ягонаи аз эътибор соқит намудан ва аз ҳисоб баровардани воситаҳои асосии давлатие, ки аз лиҳози ҷисмонӣ фарсуда шудаанд, инчунин истифодабарии минбаъдаи қисмҳои онҳо, таҳия гардидааст.
2. Меъёрҳои Тартиб нисбат ба воситаҳои асосии аз эътибор соқитшавандаи (минбаъд – воситаҳои асосӣ) мақомоти марказӣ ва маҳаллии давлатӣ, корхона, ташкилот, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 50 фоиз ё аз он зиёд аст (минбаъд – Дорандаи баланс), татбиқ мегарданд.
Дар ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат аз 50 фоиз кам аст, қарор дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмдорон ё иштирокчиёни ин ҷамъиятҳо қабул карда мешавад.
3. Воситаҳои асосӣ бинобар сабабҳои зерин аз эътибор соқит карда мешаванд:
- дар ҳолате, ки аз лиҳози ҷисмонӣ пурра фарсуда шуда, корношоям гардидаанд;
- дар ҳолате, ки барқарорсозии онҳо имконнопазир гардидаанд;
- дар ҳолате, ки нигоҳдории ояндаи онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ба Дорандаи баланс фоидаовар намебошанд ва арзиши бақиявии балансӣ надоранд;
- дар ҳолате, ки эҳтимолияти ба баланси дигар корхонаю ташкилот ва мақомоти давлатӣ гузаронидан ва ё фурўхтани онҳо ҳамчун объекти хусусигардонӣ мавҷуд намебошад;
- дар ҳолате, ки дар мавқеи ҷойгиршавии онҳо сохтмони иншооти дигар ба нақша гирифта шудааст;
- дар ҳолати аз офатҳои табиӣ, сўхтор ва садама нест гардидан;
- дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Дорандаи баланс воситаҳои асосиро дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ тибқи розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавриди моликияти коммуналӣ бо розигии хаттии маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ё дар доираи салоҳият бо розигии хаттии раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо (минбаъд-Мақомоти ваколатдор) аз эътибор соқит менамояд.
5. Ҷамъиятҳои хоҷагидоре, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи давлат 50 фоиз ё аз он зиёдро ташкил медиҳад, баъди гирифтани розигии Мақомоти ваколатдор бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон ё иштирокчиёни ин ҷамъиятҳо воситаҳои асосиро аз эътибор соқит менамоянд.
6. Барои гирифтани розигӣ дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ аз тарафи Дорандаи баланс ба Мақомоти ваколатдор ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- дархости Дорандаи баланс дар бораи аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ;
- розигии мақомоти марказии соҳавии Дорандаи баланс (дар шакли фармоиш ё қарор бо дарҷи ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосӣ);
- нусхаи фармоиши Дорандаи баланс дар бораи таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда оид ба муайян намудани ҳолати воқеии воситаҳои асосии аз эътибор соқитшаванда ва додани хулоса дар бораи аз эътибор соқит намудани онҳо;
- маълумотнома дар бораи арзиши балансии воситаҳои асосӣ бо дарҷи хулосаи Комиссияи доимоамалкунанда (мутобиқи замима);
- аксҳои (суратҳои) воситаҳои асосии соқитшаванда, ки ҳолати воқеии онҳоро пурра нишон медиҳанд (дар қафои суратҳо ном ва нишондиҳандаҳои техникии воситаҳои асосӣ навишта шуда, имзои роҳбар ва мўҳри Дорандаи баланс гузошта мешавад).
7. Дорандаи баланс дар асоси фармоиш бо мақсади муайян намудани ҳолати корношоямӣ ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои муҳосибавии воситаҳои асосии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодшаванда Комиссияи доимоамалкунанда дар ҳайати на кам аз 5 нафар аз ҳисоби мутахассисони дахлдор, ки ба онҳо метавонанд муовини роҳбар, сармуҳандис, сармуҳосиб, муҳандис, механик, технолог, мутахассиси соҳаи барқ, молшинос, муҳосиб, мудири хоҷагидорӣ ва дигар кормандон ворид шаванд, таъсис медиҳад.
8. Вазифаи Комиссияи доимоамалкунанда аз иҷрои корҳои зерин иборат мебошад:
- тафтиш ва азназаргузаронии бевоситаи воситаҳои асосӣ ҷиҳати муайян намудани корношоямӣ ва мувофиқ набудани онҳо барои истифодабарӣ дар фаъолияти минбаъдаи хоҷагидории Дорандаи баланс;
- муайян намудани омилҳои корношоям гардидани воситаҳои асосӣ;
- муайян намудани қисмҳои коршоями воситаҳои асосӣ, ба мақсади истифода намудани онҳо дар фаъолияти хоҷагидории Дорандаи баланс.
9. Мақомоти ваколатдор вобаста аз ҳолати воқеӣ ва бо дарназардошти эҳтимолияти ба фурўш рафтан ҳуқуқ дорад, ки воситаҳои асосии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодгардидаро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба фурўш барорад.
10. Аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосие, ки мўҳлати меъёрии истифодабариашон пурра ба охир нарасидаанд ва арзиши бақиявии балансӣ доранд, ба истиснои ҳолатҳои дар бандҳои 11 ва 12 Тартиб нишондодашуда манъ мебошанд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
11. Дар ҳолати сохтмони нав дар мавқеи ҷойгиршудаи воситаҳои асосӣ арзиши бақиявии балансии воситаҳои асосии барҳам додашуда, ба арзиши воситаҳои асосии нави сохташаванда дохил карда мешаванд.
12. Дорандаи баланс воситаҳои асосиро новобаста аз мўҳлати муқарраргардидаи истифодабарӣ ва арзиши бақиявии балансии онҳо дар ҳолатҳои зерин метавонад мустақиман аз эътибор соқит намояд:
- дар ҳолати нест гардидан дар натиҷаи офатҳои табиӣ, сўхтор ва ҳолатҳои дигари фавқулодда – тибқи хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ;
13. Ба қисмҳо ҷудо кардан ва таҷзияи воситаҳои асосии давлатӣ то ҳолати гирифтани розигии Мақомоти ваколатдор ва тасдиқи санадҳои барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ манъ мебошад.
14. Дорандаи баланс ҳуҷҷатҳои дохилии муҳосибиро барои аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ мутобиқи тартиби муқарраргардидаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандае, ки соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро ба танзим медароранд, омода намуда, ба расмият медарорад.
15. Дорандаи баланс вазифадор аст, ки дар муддати 3 моҳ баъд аз гирифтани розигии Мақомоти ваколатдор иҷрои корҳои зеринро таъмин намояд:
- воситаҳои асосии аз эътибор соқитшударо ба қисмҳо ҷудо ва таҷзия намояд;
- пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонии аз ин ҳисоб бадастомадаро муайян ва ба анборҳо даромад намуда, ҳаҷму арзиши онҳоро дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ сабт намояд;
- қисмҳои корношоями дорои металлҳои қимматбаҳоро дар мувофиқа бо Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои асосии соқитгардида ҷудо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурӣ дар корхонаҳое, ки барои коркарди металлҳои қимматбаҳо иҷозатномаи дахлдор доранд, холискорӣ намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорад;
- воситаҳои асосии аз эътибор соқитшударо аз баланс хориҷ намояд;
- оид ба натиҷаи барҳамдиҳии воситаҳои асосӣ ба Мақомоти ваколатдор ҳисобот пешниҳод намояд.
16. Дорандаи баланс баъд аз мувофиқа намудани миқдор ва арзиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо Мақомоти ваколатдор мутобиқ ба нархҳои бозори дохилӣ, шартномаи хариду фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бо риояи талаботи Қоидаҳои фаъолияти вобаста ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 №105 тасдиқ шудаанд, ба имзо мерасонад.
17. Дорандаи баланс маблағи аз ҳисоби фурўши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бадастомадаро вобаста аз шакли моликият ба буҷетҳои дахлдор интиқол медиҳад.
Маблағи аз ҳисоби фурўши қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ бадастомада ба мақсади рушди истеҳсолоти Дорандаи баланс равона карда мешавад.
18. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳои давлатӣ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ маблағи аз ҳисоби фурўши қисмҳои эҳтиётӣ, ҳезум ва масолеҳи сохтмонӣ бадастомадаро ба суратҳисоби махсуси худ гузаронида, барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ истифода мебаранд.
19. Миқдори пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга танҳо баъд аз ворид гардидани маблағи шартномавӣ ба суратҳисоби Дорандаи баланс, ба харидор таҳвил дода мешавад.
20. Роҳбарияти Дорандаи баланс барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.