Тендери сармоягузорӣ


Тендери сармоягузорӣ

Фурўши амволи давлатӣ тариқи тендери сармоягузорӣ дар асоси Низомнома дар бораи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 тасдиқ шудааст амалӣ карда мешавад.

Мафҳуми «тендери сармоягузорӣ» ин хусусигардонии моликияти давлатӣ бо шарту уҳдадориҳои алоҳида, яъне сармоягузорӣ намудан ба воситаҳои асосӣ ва рушди истеҳсолии корхона ва ташкил намудани ҷойи корӣ мебошад.

Оғози ҷараёни хусусигардонии моликияти давлатӣ

Ҷараёни хусусигардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 оғоз ёфта, моҳи феврали ҳамон сол Қонуни ғайридавлатигардонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ қабул карда шуд. Дар ин давра якчанд маротиба ба қонуни номбаршуда тағйироту иловаҳо дохил карда шудаанд. 16 майи соли 1997 Қонуни нав «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии намудҳои дигари муносибати моликиятро ба воситаҳои истеҳсолот дар кишвар бо роҳи хусусигардонии моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ бо мақсади бунёди иқтисодиёти самараноки бозорӣ, муносибатҳои байни давлатро дар шахси мақомоти ваколатдори он ва шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар рафти хусусигардонии моликияти давлат муқаррар намуд.

Яке аз самтҳоимуҳими фурўши объектҳои моликияти давлатӣ, киимрўз аз ҷониби Кумита амалӣ шуда истодааст, ин фурўши корхонаҳои давлатӣ дартендерҳоиинвеститсионӣ мебошад.

Шартҳоиасосиитендерҳои инвеститсионӣ ин пуррапардохтимаблағихариди саҳмияҳо, нигоҳдоштанисамти фаъолият, зиёднамуданиҳаҷмиистеҳсолимаҳсулот, ташкили ҷойҳои нави кори, сармоягузорӣ намудан барои азнавтаҷҳизониданииқтидорҳоиистеҳсолиювоситаҳоиасосӣ вадигарҳобашумормераванд.

Таҳлилифаъолиятикорхонаҳоидартендерҳоиинвеститсионӣ нишонмедиҳад, киинтарзихусусигардонӣ бароиазнавтаҷҳизониданииқтидорҳоиистеҳсолӣ, истеҳсолимолҳоибарақобаттобовар, ташкили ҷойҳоинавикорӣ, баландбардоштанимуздимеҳнат, беҳтаркарданишароитимоддиюмаишӣ, корҳоитаъмируободонӣ ваҳаллиякқатормасъалаҳоимуҳимииқтисодӣ нақши калон мебозад.

Тендери якдавра ва тендери дудавра

Тендери якдавра бо шарте гузаронида мешавад, ки агар арзиши объект то як миллион сомониро ташкил диҳад

Тендери дудавра бо шарте гузаронида мешавад, ки агар арзиши объект аз як миллион сомонӣ зиёд бошад.

Эълони баргузории тендери сармоягузорӣ

Ҳангоми аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул гардидани қарор дар бораи ба фурўш баровардани объектҳои мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ дар тендери сармоягузорӣ тибқи муқаррароти Низомнома дар бораи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо ахбори иттилоотӣдар рўзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва сомонаи расми Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатӣ www.gki.tj дар муҳлати 30 рўз пеш аз баргузории тендер нашр ва интишор мегарданд.

Бақайдгирии иштирокчиён

Дар тендери сармоягузорӣ шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва консортсиумҳо метавонанд иштирок намоянд.

Ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон аз тарафи Фурўшанда аз рўзи чоп гардидани ахбори иттилоотӣ оғоз ёфта, дар муҳлатҳои дар ахбори иттилоотӣ нишондодашуда ба охир мерасад.

Аризадиҳандаҳо барои ба қайд гирифтан бояд мувофиқи талаботи Низомнома дар бораи тартиби фурўши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо ҳуҷҷатҳои заруриро дар лифофаи басташуда бо нишон додани номи объект пешниҳод намоянд.

Ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар тендери якдавра

Барои шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣва консортсиумҳо(резидент)

- дархост барои иштирок дар тендер. Аризадиҳанда дархостро аз фурўшанда мегирад;

 - шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият;

- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;

- ваколатномаи аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқшуда, ки ваколати намояндаи шахси воқеиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд;

- ваколатнома, ки ваколати намояндаи шахси ҳуқуқиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд ва дар ҳолати роҳбари аввал нусхаи ҳуҷҷати таъйин шудани ў (барои шахсони ҳуқуқӣ);

- ваколатномаи тавассути идораи нотариалӣ тасдиқшуда дар бораи муайян намудани намояндаи ба сифати аризадиҳанда баромадкунанда, ки аз тарафи ҳамаи аъзоёни консортсиум имзо шудааст (барои консортсиум);

- иқтибос аз ҳисоби бонкии аризадиҳанда, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибӣ, ё ҳуҷҷат дар бораи амвол бо арзиши баҳододашудаи онҳо ё баёния дар бораи даромадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии ўро тасдиқ менамоянд;

- нусхаҳои  бо мўҳри шахси ҳуқуқии дархосткунанда тасдиқшудаи оиннома ва шаҳодатномаи аз қайд гузаштани шахси ҳуқуқӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ);

- нусхаи дар идораи нотариалӣ тасдиқшудаи шартномаи байни аъзоёни консортсиум, ки қарори дар тендер чун консортсиум иштирок намудани онҳоро тасдиқ ва ҳиссаи саҳмияҳои ҳар як аъзои консортсиумро муайян мекунад (барои консотрсиум).

- пешниҳодҳои молиявӣва техникӣ дар лифофаҳои алоҳидабо навиштаҷоти «Пешниҳодот-номи объект. Маблағи сармоягузорӣ дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода шавад.

Барои иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқииғайрирезидентӣ

- дархост барои иштирок дар тендер. Аризадиҳанда дархостро аз фурўшанда мегирад;

- нусхаи аслии ҳуҷҷати пардохти пулӣ, ки гузаронидани пардохти кафолатиро тасдиқ менамояд;

- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият бо тасдиқи нотариалии тарҷума бо забони тоҷикӣ ё русӣ;

- ваколатномаи тавассути нотариус тасдиқшуда, ки салоҳияти шахси воқеиро тасдиқ менамояд;

- ваколатнома, ки ваколати намояндаи шахси ҳуқуқиро дар имзо намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ тасдиқ менамояд ва дар ҳолати роҳбари аввал нусхаи ҳуҷҷати таъйин шудани ў (барои шахсони ҳуқуқӣ);

- иқтибос аз ҳисоби бонкии аризадиҳанда, ё нусхаи ҳисоботи муҳосибӣ, ё ҳуҷҷат дар бораи амвол бо арзиши баҳододашудаи онҳо ё баёния дар бораи даромадҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки қобилияти адо намудани қарз ва ҳолати устувори молиявии ўро тасдиқ менамоянд бо забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашуда ва дар идораи нотариалӣ тасдиқшуда;

- иқтибоси қонунӣ аз реестри савдо ё ҳуҷҷати дигари ба забонҳои тоҷикӣ ё русӣ тарҷумашуда бо тариқӣ идораи нотариалӣ тасдиқгардидае, ки мутобиқи қонунгузории давлати худаш шахси ҳуқуқии амалкунанда будании иштироккунадаро исбот мекунад.

- пешниҳодҳои молиявӣ ва техникӣ дар лифофаҳои алоҳида бо навиштаҷоти «Пешниҳодот-номи объект. Маблағи сармоягузорӣ дар пешниҳоди молиявӣ бо сомонӣ нишон дода шавад.

Ҳуҷҷатҳо ҷиҳати иштирок дар тендери дудавра

Барои иштироки шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва консортсиумҳо резидентҳо ва ғайрирезиндентҳо ҳуҷҷатҳои болозикрроба истиснои пешниҳодҳои молиявӣ ва техникӣ, ки баъди гузаронидани интихоби квалификатсионӣ пешниҳод менамоянд.

- маълумот дар бораи соҳаи кори шахси ҳуқуқӣ, маълумот дар бораи фаъолият ва ихтисоси шахси ҳуқуқӣ ва маълумот дар бораи фаъолият ё соҳаи аъзоёни консортсиум дар шакли озод;

- рўйхати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки зиёда аз даҳ фоизи сармояи аризадиҳандаро соҳибӣ мекунад.

Ҷараёни тендер

Баъди ба охир расидани муҳлати дар ахбори иттилоотӣ муқарраргардидаи пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳои лозима барои гузаронидани интихоби квалификатсионӣ, комиссия дар давоми 5 рўзи бонкӣ интихоби квалификатсионии аризадиҳандагонро мегузаронад.

Аъзои комиссия ҳуҷҷатҳои тендерии пешниҳоднамудаи аризадиҳандаро санҷида, аз интихоби квалификатсионӣ гузаштан ё нагузаштани ўро муайян мекунанд.

Комиссия аз рўи натиҷаҳои интихоби квалификатсионӣ дар бораи он бо намунаи дар замимаи 6 барои тендерҳои якдавра ва замимаи 9 барои тендерҳои дудавра огоҳинома тартиб медиҳад.Дар огоҳинома рақами лифофаҳои аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузашта, муҳлати охирин ва ҷои пешкаш намудани пешниҳодоти молиявӣ ва техникии иштироккунандагон, инчунин вақт ва ҷои кушода шудани лифофаҳо бо пешниҳодот нишон дода мешаванд.

Огоҳинома дар тахтаи эълонҳо дар рўзи ба охир расидани интихоби квалификатсионӣҷойгир карда мешавад.

Баъд аз кушодани ҳама лифофаҳои барои як лот додашуда ва дида баромадани пешниҳодоти иштироккунандагон, комиссия дар назди ҳозирбудагон, дар толори гузаронидани тендер, ғолиби тендерро оид ба лоти мазкур эълон менамоядва дар бораи эътироф намудани ғолиб протокол тартиб медиҳад, ки аз тараф ҳама аъзои комиссия ва ғолиб, ҳангоми дар толори тендерӣ ҳозир будани он, имзо мегардад. Ҳангоми дар толори тендерӣ ҳозир набудани ғолиб аз тарафи ў дар давоми 9 рўзи бонкӣ, аз рўзи гузаронидани тендер, имзо карда мешавад.

Дар асоси протоколнатиҷаи тендер Фурўшанда дар давоми 10 рўзи бонкӣ, аз рўзи гузаронида шудани тендер, бо ғолиби тендер шартномаи хариду фурўшро ба имзо мерасонад.

Ҳангоми аз тарафи харидор пурра пардохт гардидани нархи фурўши объект байни фурўшанда ва харидор санади қабулу супоридани объекти хусусигардонӣ ба имзо мерасад.

Шартҳои тендери сармоягузорӣ чунин мебошанд:

- Маблағи сармоягузории иштирокунандагони тендери сармоягузорӣ оид ба фурўши саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомӣ бояд на кам аз 25 фоиз ва ҳангоми ба фурўш баровардани объекти иҷтимоӣ, маблағи сармоягузории иштироккунандагони тендер бояд на камтар аз 50 фоизи нархи ибтидоии объектро ташкил диҳад, ки он дар муҳлати 24 моҳ пас аз имзои шартномаи хариду фурўш пардохт карда мешавад.

Инчунин, ташкил ва зиёд намудани ҷойи корӣ дар муҳлати 24 моҳ пас аз имзои шартномаи хариду-фурўш.

Маълумоти муфассал Низмоннома дар бораи тартби фуруши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо

Машварати иловагӣ:

Шуъбаи хусусигардонӣ ва реструктуризатсияи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 221-44-71, 221-16-14